Имрӯз дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади идона баргузор гардид, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барандагони  Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутиро эълон кард.

Имсол панҷ нафар намояндаи матбуоти Тоҷикистон дар бахши радио, телевизион ва матбуоти чопӣ барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардиданд.

Ҷоизаи Лоҳутӣ дар бахши радио ба Худоёри Валӣ аз радиои «Имрӯз», дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз Телевизиони «Тоҷикистон» тақдим гардид. Дар бахши матбуот Ноилшо Нуралиев аз ҳафтаномаи «Омӯзгор», Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи «Мароми пойтахт» ва Абдулвоҳид Оев, публисист, соҳиби Ҷоизаи Лоҳутӣ гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here