Муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон Шамсиддин Гадоев имрӯз дар нишасти матбуотии ниҳодаш иттилоъ дод, ки ширкати «Баракати Ҷомӣ», ки мутааллиқ ба Алимардоновҳо аст, беш аз панҷ сол мешавад, тамоман пули  истифодаи обро пардохт намекунад.

— Қарзи ин ширкат дар назди идораи об 250-300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, -илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки ширкати «Баракати Ҷомӣ»-ро, ки мансуб ба Алиммардоновҳо, аз наздикони собиқ муовини сарвазир ва роҳбари ҳозираи «Агроинвестбонк», авали соли ҷорӣ барои пардохт накардани ҳақи истифодаи об ба прокуратура ва суди иқтисодӣ додаанд, аммо то ҳол ин масъала ҳали худро пайдо накардааст.

Аз пардохт нашудани қарзи андози ширкати Алимардоновҳо раиси ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ Саиди Ёқубзод низ дар нишасти хабарияш, ки  чанд рӯз пеш баргузор гашта буд, изҳори нигаронӣ кард. Вай гуфт,ки ширкати «Баракати Ҷомӣ» ҳоло дар назди нозироти андоз беш аз 400 ҳазор сомонӣ  қарздор мебошад.

Заминҳои «Баракати Ҷомӣ» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиёда аз 400 гектарро ташкил дода, ин ширкат дар дигар ноҳияҳо низ замин дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here