Дар Лаҳистон нисбати барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ва президенти пешини ин кишвар Лех Валенса парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Ӯро дар додани шоҳидии бардурӯғ айбдор мекунанд. Вай гӯё ҳамкориашро бо мақомоти махсуси комунистӣ дар солҳои 70-ум пинҳон кардааст.

Иттилоъ дар бораи он ки Валенса бо мақомоти амниятии Ҷумҳурии Лаҳистон бо номи мустаори «Болек» ҳамкорӣ дошт, соли 2008 расонаӣ гардид. Нахустин айбҳои расмӣ нисбати президенти пешин моҳи феврали соли гузашта эълон шуданд. Он замон дар манзили раиси пешини хадамоти амнияти кишвар Чеслав Кишак лифофаи дорои чанд ҳуҷҷат пайдо гардидааст, ки онҳо мутааллиқ ба агенте бо номи «Белок» буда, ба солҳои 1970-1976 рабт доштанд.

Пажуҳишгарони Донишкадаи ташхиси судии Краков ба парванда ҷалб шуданд. Пажуҳишгарон собит карданд, ки ҳуҷҷатҳо ба президент тааллуқ доранд. Додситон Анҷей Позорский тасдиқ кардааст, ки имзои президент барои ҳамкорӣ аз 21 декабри соли 1970 ва 17 санади дигар барои дарёфти маблағ дар ивази расонидани иттилоъ воқеӣ ҳастанд. Ин санадҳо собит мекунанд, ки Валенса ба таври махфиёна ба комунистон хабар мерасонид.

Худи Валенса дар бораи ҳамкориҳояш бо мақомоти махсус хомӯшӣ ихтиёр карда буд, ҳангоме ки тафтиш шуруъ шуд, гуфт, ҳуҷҷатҳои пайдошуда тақаллубӣ ҳастанд. Айбнома дар бораи хабаррасониро вай қассоси рақибонаш медонад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here