Тоҷикистон боз бо ду кишвар — Сенегал, Сан-Томе ва Принсипӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии кишвари мо бо ҳамтоҳояш аз ин ду давлат 24 сентябри соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии СММ баёнияи муштарак қабул кардааст.
Зимни имзои баёния вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷӣ ва сенегалиҳои бурунмарзии Ҷумҳурии Сенегал Сидики Каба ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Сенегалро мавриди муҳокима қарор додаанд.
Баёнияи муштаракро дар хусуси барқаро карданимуносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Сан-Томе ва Принсипӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Урбино Хосе Ботелҳо ба имзо расониданд.