Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон қисми даромади буҷети ноҳия дар даҳ моҳи соли 2020-ум 126,3 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 2 миллиону 130,2 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид карда шудааст.

Аз Раёсати андози вилояти Хатлон иттилоъ доданд, қисми даромади буҷети ноҳияи Балҷувон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 8 миллиону 090,8 ба нақша гирифта шуда буд, ки он 10 миллиону 221 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, ба буҷети ноҳия 2 миллиону 130,2 ҳазор сомонӣ бештар ворид гардидааст, ки ин баробари 126,3 дарсади нақша мебошад.

Гуфта шуд, ки қисми даромади буҷет аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон дар ноҳияҳои  Темурмалик 131,1 , Ҷалолиддини Балхӣ 109,2, Ҳамадонӣ 109,4,  Носири Хусрав 108,1 Данғара 107,3  Ховалин 107,7 ва Муъминобод 106 дарсадӣ иҷро шудааст.

Дар умум қисми даромади буҷети вилояти Хатлон дар ин дарва 100,8 дарсад таъмин гардида ба буҷет ба ҷойи 1 миллиарду 236 миллиону 635,5 ҳазор сомонӣ, 1 миллираду 246 миллиону 392,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин аз нақша 9 миллиону 757,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here