Дар ноҳияи Балҷувон дар майдони 80 гектар 70 тонна картошка кишт хоҳад шуд.
Дар ноҳияи дурдасти вилояти Хатлон, Балҷувон баъди дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва раиси вилояти Хатлон, ки бояд дар ҳама заминҳо кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шавад, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия талош доранд, 70 тонна картошка кишт кунанд.
Аллакай барои кишти ин намуди зироат дар 5 ҷамоати деҳоти ноҳия 200 гектар замин омода шуда, рӯзҳои наздик кишти картошка оғоз мешавад. Дар ин бора аз мақомоти маҳаллии ноҳия ба «Фараж» хабар доданд.
Айни замон дар ноҳияи Балҷувон нархи як килограмм картошка 9 сомонӣ арзиш дорад.
Бояд гуфт, ки рӯзҳои охир аҳолии кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти калонтарини ҷумҳурӣ Хатлонро, гаронии нархи картошка нигарон кардааст.
Ҳоло дар аксар бозору мағозаҳои ин вилоят як килограмм картошка аз 7 то 8 соминӣ фурӯхта мешавад.