Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби лӯлиҳо мактаб, пул ва дигар иншоот сохта шуда, инчунин ба оилаҳои камбизоат кумак мекунанд.

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз дар нишасти матбуотии мақомоташ гуфт, саҳме, ки лӯлиҳои ноҳия дар деҳаи худашон гузоштаанд, дар баъзе деҳаҳое, ки сокинонаш дар мақомҳои баланд мебошанд, гузошта нашудааст.

— Саҳми лӯлиҳои ноҳия дар ободии маҳали зисташон хело назарас мебошад. Ҳатто аз ҷониби МИҲД-и вилояти Хатлон сазовори ҷоиза гардидаанд. Аз панҷ нафар соҳибкороне, ки баҳри бунёди иншооти ҷашнӣ соҳиби ҷоиза шудаанд, як нафараш лӯлӣ мебошад,- илова кард раиси ноҳия.

Ба гуфтаи ӯ, лӯлиҳо дар маҳали зисти худ пул, даровоза сохта, камбизоатонро кумак намуда истодаанд.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як бинои иловагӣ дар назди мактаби №6-и ноҳия 30 сол боз сохтмонаш нотамом боқӣ мондааст ва лӯлиҳо гуфтаанд, ки агар онро ба онҳо диҳанд, биноро бунёд мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here