Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ айни замон сохтмони муассисаи томактабии дуошёна барои 200 кӯдак идома дорад, ки маблағи он беш аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад.

— Ин кӯдакистон бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Саидов бунёд мешавад, — гуфт Сайдалӣ Маҳмуродов, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи мазкур.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 90 фоиз иҷро шудааст.

— Ин ягона муассисаи томактабие мебошад, ки бо тамоми шароити муосир дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бунёд мешавад, — гуфт Маҳмуродов.

— Кӯдакистони мазкур дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёд мегардад, — илова кард манбаъ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here