Ҷозеф Байден, ки васоити ахбори омма пас аз интихобот ӯро чун президенти навинтихобшудаи Иёлоти Муттаҳида эълон карданд, шахсан аз фармондорони саросари кишвар хоҳиш хоҳад кардааст, ки дар иёлатҳо пӯшидани ҳатмии моски тиббиро ҷорӣ кунанд, хабар медиҳад NBC News.

Намояндаи ситоди Байден гуфтааст: «Агар фармондорҳои иёлатҳо ин корро накунанд, худаш (Байден) ба суроғи онҳо хоҳад рафту аз онҳо хоҳиш хоҳад кард, ки пӯшидани москро иҷборӣ кунанд».

Бар асоси иттилои NBC News, беш аз ниме аз иёлатҳои ИМА дар ҳоли ҳозири ниёз ба моск задан дар маконҳои умумӣ доранд.

Байден бо афзоиши теъдоди сирояти COVID-19 дар кишвар, фармондорони бештареро ба анҷоми чунин иқдоме даъват кардааст.

Ҷо Байдени демократ дар интихоби ахири ИМА, ки ҳафтаи гузашта баргузор шуд, дар баробари президенти амалкунандаи ин кишвар Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ пирӯз шуд. Барои президенти ИМА шудан аз 538 раъйи интихобкунандагон бояд 270 овоз ба даст овард. Байден шумораи бештари орои лозимро ба даст овард, ки гуфта мешавад, назидики 290 раъй аст. Дар ҳоле, ки Трамп 213 овозро соҳиб шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here