Tcell муштаракан бо American Space Khujand СҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” («Офис гражданских свобод») барои ҷавонони Хуҷанд, ки донишҷӯёни марказҳои забономӯзӣ ва муштариёни корпоративии ширкат мебошанд, мусобиқоти мубоҳисавии «Tcell Debate Time»-ро баргузор намуданд. Донишҷӯён дар мавзӯи “Фанноварӣ ва ҷомеъа” бо забони англисӣ бо ҳам баҳс карданд. 

Ин сабқати илмӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, дар доираи чорабинии «Tcell Debate Time» сурат пазируфт ва дар он 8 даста аз марокизи забономӯзӣ назири «Аркон», «Be Smart», «Сириус», «Уилям Шекспир», «Гӯшаи Амрико» ва «Доно»-и шаҳри Хуҷанд, инчунин тимҳои «Ҷаҳонро биомӯз» ва «London»-и шаҳри Истаравшан ширкат доштанд.

Ҳамаи дастаҳо омодагии хуб доштанд ва дар ҷараёни мубоҳиса ба гунаи олӣ баромад карданд. Мавзӯи интихобшуда низ барои ҷавонони муосир рӯзмарра ва зарурӣ маҳсуб меёбад. Бачаҳо вориди майдони баҳс гардида, саводу дониши худро ба намоиш гузоштанд. Онҳо аз вижагиҳои технология (фанноварӣ)-и ҷадид дар замони ҳозир, ҳуқуқи муаллиф, интеллекти маснӯъӣ ва қоидаҳои истифодаи иноватсияҳои нав хуб бохабар буданд.

Ғолибони турнирро ҷоизаҳои арзишманд ва шаҳодатномаҳо аз ширкати Tcell интизор буданд. Ҳар як иштирокчии даста, ки мақоми аввалро касб карданд, аз ҷониби ширкати Tсеll бо гаджет, трафики интернет ва дигар туҳфаҳо сарфароз гаштанд. Ин ҷавоиз барои онҳо ҷиҳати омӯзиши бештар ва аз худ кардани забон коромад аст.

Дар маросими эътои ҷоизаву тӯҳфаҳо ба ғайр аз намояндагони ширкати Tcell ва муштариёни корпоративӣ, инчунин Ҷеф Райденауер, роҳбари бахши иттиллоти Сафорати ИМА дар ҶТ иштирок доштанд.

Зимнан, масъулини Tcell ба иштирокчиён дар бораи сабки нави ширкат (тамғаи молӣ, бренд) нақл карда, барномаи ояндаи корхонаро барои чанд соли оянда, тақвияти бозори мухобиротии кишвар, рушди технологияро дар ҳаёти муосир шарҳ доданд.

Дар навбаи худ, иштирокчиён таасуроти худро аз баргузории сабқат баён дошта, умедворӣ карданд, ки дар оянда низ барои дар сатҳи хубу олӣ гузаронидани чунин мубоҳисаҳо ширкати Tcell ба онҳо кӯмак хоҳад кард.

Барои Tcell баргузор намудан ва пуштибонии тарҳҳои омӯзишӣ, мисоли «Tcell Debate Time» барои ҷавонон аз аҳамияти вижа бархӯрдор буда, ҷои муҳимеро дар татбиқи масъулияти иҷтимоии ширкат ишғол менамояд.

Бояд гуфт, «Tcell Debate Time» шароит ба вуҷуд овард, ки кулли муштариёни корпоративии ширкат, ки дар бахши омӯзишу парвариш фаъолият менамоянд, гирдиҳам биоянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here