Дар назар аст, ки Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» мавзӯи «Ҳуввуяти миллӣ дар Афғонистон»-ро ба риштаи таҳлил бикашад.
Дар маҳфил перомуни мавзӯи мазкур устоди факултети ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул, сиёсатдори варзида Файзуллоҳ Ҷалол андешаронӣ менамояд.
Маҳфили мазкур рӯзи 25-уми октябр (панҷшанбе) дар «Кохи афсарон» (Душанбе, к. Фотеҳ Ниёзӣ, 54, ошёнаи 3-юм) баргузор мегардад, ки ба он намояндагони ВАО-и кишвар, намояндагони сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, олимон, сиёсатшиносон, таҳлилгарон ва намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар даъват гардидаанд.