Имрӯзҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар Фейсбук, аммали як наққоши ҷавон, ки ҳунари дасташро дар меҳмонхонаи “Серена” ба намоиш гузоштааст, мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Аз номишгоҳи ҳунарманди 25-сола Маърифат Давлатова РО гузориш таҳия кард ва мардум низ аслан тавассути ҳамин гузориш аз наққошии ин духтар бохабар шуданд. РО бо навиштае бо чунин мазмун аз ин намошигоҳ гузориш дод: “Тасвири духтари тоҷик бо тани нимаурён. Дар ҳолати кашидани куртаи атлас аз тан, ҳангоми хоб, сигор дар лабу фаранҷӣ дар сар… Ин намунаҳое аз наққошиҳои Маърифат Давлатоваи 25-сола аст, ки тамошобинонро ба чолиш кашидааст”.

Маърифат ба тасвири табиати зани тоҷик ҳанӯз ду сол пеш таваҷҷӯҳ кардааст ва аз наққошиҳои аввал дарк намудааст, ки ҷомеа барои қабули ин қабил расмҳо чандон омода нест. Аввалин коре аз ин силсилааш дар як намоишгоҳи Вена гузоштааст ва баъдан аз роҳи Интернет ба доираи васеи тамошобин муаррифӣ шудааст.

«… Хостам ба як гуруҳи мардон дар ҷомеа нишон бидиҳам, ки бадани зан як чизи маъмулист ва набояд онро зиёд муҳокима кард», — гуфтааст Давлатова дар мусоҳибааш бо РО.

Корбарони саҳифаҳои иҷтимоӣ ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд ва қисме агар бо лафзи тунд наққошро мазаммат кунанд, қисми дигар бо хитобҳои таҳсиномез аз ӯ ҷонибдорӣ кардаанд.

Ин намоишгоҳ то 11-уми сеннтябр дар меҳмонхонаи “Серена”-и Душанбе идома хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here