Аз равзанаи ТВ: Тоҷикистон (U-19)  – Эрон (U-19)  1 : 1 (дидори дуюми тадорукотии дӯстона дар пойтахти мо)

Ҳассосияти ин рақобат ба он хотир боло буд, ки Эрон – яке аз дастаҳои тавонманду матраҳи қораи Осиё, таҳаммули нокомии дубораро дар баробари Тоҷикистони бародараш надошт. Бохти ду бар яки эрониҳо бо Тоҷикистон дар расонаҳои хабарии Теҳрон барои дастаи Эрон бозтоби нохушоянде дошт, ҳарчанд ки мураббии эрониҳо иддио пеш овардааст, ки онҳо дар майдон афзал буданд ва пенолтии суи дарвозаашон ҳам то ҷое машкук менамуд. Мисле хостаҳои Эрон дар дидор бо Тоҷикистон бештар будааст.

Аммо Тоҷикистон (U-19). Имрӯз ҳичкӣ наметавонад тими мунтахаби ҷавонони мо (U-19)-ро ба чашми кам бинад – дастае, аз ҷумла, дар Урдун бо ифтихороти бузург фотеҳи мусобиқоти финолӣ шуд ва баъд дар Аржентин ҳамчун тими тирози аввали Осиё, барои Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон ба майдон омад. Ин дам фурсате омадааст, ки Тоҷикистон худро дар баробари яке аз қудратҳои футболи қора низ нишон диҳад ва собит кунад, ки футуҳоташ воқеиянд – аз тавони фаннию ҳирфаии футболи рӯз бархурдор аст ва метавонад дар ҳар ҷое бо ҳар дастае аз ҳамсолони хеш бо шаҳомату шуҷоъат панҷа нарм кунад. Мо дуъо мекунем, ки низ дар наздиктарин замон дастаи мунтахаби кишварамонро бо ин сатҳу бо ин савия бибинем, он гуна “Помир”-и овозадори Тоҷикистони Шуравӣ дар майдонҳои бузурги ин қаламрав ҳангома барпо мекард.

Бозии дуюм миёни Тоҷикистону Эрон. Ҳайф ки бориши барфи ногаҳонӣ нақшаҳоро барбод доду тадбирҳои ду ҷониб татбиқ нашуданд; вохӯрӣ, гумонам, ним соъат пас аз замони таъйиншуда, оғоз ёфт ва рафти он аз дидори ду рӯзи пеш фарқ мекард: майдон, бо вуҷуди поккорӣ, мартубу барфзадаву барои бозӣ ноҷӯр буд, бар ин бино, рақобат он суръату талошу ҷангандагии дидори пешинро надошт. Чунин эҳсос мешуд: рақибон то ҷое эҳтиёткорӣ мекарданд, дигар тан дода буданд, ки ҳарифашон содаву саҳл нест (На Эрон матраҳи қора аст ва на Тоҷикистон саҳлу сода аст). Бо ин вуҷуд, дар нимаи аввал, меҳмонон бо истифода аз дарҳамбарҳамии хатти дифоъи тоҷикистониён, нахустин шуда, дарвозаи моро боз карданд. Мураббиёни мо ин лаҳзаро бояд хуб таҳлил кунанд: набояд бо чунин даспочагию сардаргумӣ рақибро имкони голзанӣ дод…

Дастаи Тоҷикистон (U-19) воқиъан дӯстдоштанист, аз ҷумла, ба он хотир ки аз нокомии лаҳзаина афсурда намешавад, балки базудӣ хешро дармеёбад (ба худ меояд) ва худро он гуна ки ҳаст, бармало месозад – кӯшо, матин, тавоно ва бо дирояту маҳорати боло! Инро чандин бор, ва аз ҷумла дар бозии ду рӯзи пеш низ, мушоҳада мекардем. Ҳоло, ки Тоҷикистон бо як гол аз Эрон ақиб уфтодааст, баччаҳои мо ҳушёру фаҳиму якдаст по ба туб мешаванд, аҳсан ба муҳраҳои хатти миёнаамон, ки дар дифоъ назми муҳкаме меоростанду якдаст зиддиҳамла меоростанд ва муҳоҷимони пурсаъямонро бекор намегузоштанд. Голи ба устодӣ задаи Ислом Зоиров ба дарвозаи эрониҳо бояд мояи таҳаммул бошад – чи худиҳову чи рақибонро – ӯ яктан, дар иҳотаи рақибон (чаҳор нафар) бо дарёфти поси олӣ ва печишу чархиши ҳирфаию зарбаи ҷононае дарвозаи рақибро ба ҳам мерезад! Аҳсану боракаллоҳ! Дар ин дидор, ба мисли Ислом Зоиров натавонист нафаре ин гуна моҳиру дастбакору мумтоз зоҳир шавад. Ислом ситораи рахшони саҳнаи ин дидор буд!

Бале, бистари оҳарии барф бар замини футбол то ҷое монеъи намоиши ҳунари бозикунони ду даста шуд ва Тоҷикистону Эрон бо раддубадали якголӣ ба дарвозаи ҳам, ба мусовӣ қаноъат карданд, агарчӣ то охири дидор лаҳазоти хуби бозкунии дарвоза барои ҳарду ҷониб кам набуд. Барои ҷавонони мо дар ду дидор пирӯзию мусовӣ бо Эрон дастоварди хубе дар поёни соли равон аст. Ва зӯрварзию маҳоратсанҷии дастаҳои мо бо тавонмандони футболи имрӯз, ки ҳоло аз тадбирҳои меҳварии Федератсиюни футболи кишвар гаштааст, шоистаи таҳсин аст. Ҳамнишинӣ бо бузургон бузургист, зӯрварзӣ бо таҳамтанон таҳамтанӣ!..

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии Обид Шакурзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here