Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Вакилони мардумӣ дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва „Дар бораи нақшаи ҳудудии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни баромади хеш муовини Раиси бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамидулло Ашрафзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода,  муовини якуми вазири рӯшди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқи Завқизода, вакилони мардумӣ Иброҳим Абдуллозода, Баҳодур Акрамзода, Тоҳир Ҷобирзода, Толибхон Азимзода иброз намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои дар иҷлосия муҳокима гардида барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона шудаанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дар иҷлосия баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here