Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман маълум кардааст, ки ҳеҷ гуна қасде барои анҷоми амалиёти террористӣ дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон вуҷуд надоштааст.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Дилшод Абдулалимов бо хабаргузории «АП» гуфтааст, ки хабари боздошти гурӯҳе аз исломгароёнро, ки қасди анҷоми амалиёти террористӣ дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Душанбе доштаанд, асос надорад. «Ин як хабари дурӯғ аст ва мо касеро боздошт накардаем», — гуфтааст ӯ.

Расонаҳо аз боздошти як гурӯҳи 12-нафарӣ, ки қасди инфиҷори пойгоҳи низомии 201-и артиши Русия дар ҷануби Душанберо доштанд, хабар дода буданд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти пойгоҳи 201-и Русия эълом кардаанд, фаъолияти ин пойгоҳ тибқи ҳолати маъмулӣ ҷараён дорад ва онҳо аз ҳар гуна тарҳе барои ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳ бехабаранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here