Раиси Сенати Олий Мачлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон хонум Танзила Норбоева имрӯз зимни баёни сухани муқаддимавй дар маҷлиси умумии Сенати Олий Мачлис тақозо намуд, ки интиқодоти васоити ахбори умум бояд дуруст қабул карда шаванд. Вай гуфт, ки дар мамлакат ба арзишҳои демократй арҷ гузошта мешавад ва вокуниши мусбат ба ВАО дар муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ нақши муассир мебозад.

-Бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон намояндаи Олий Маҷлиси Чумҳурии Ӯзбекистон ба узвияти Қумитаи ичроияи Иттиҳоди Байнипарлумонӣ пазируфта шуд, ки он 179 мамалкати дунёро фаро гирифтааст. Ҳамзамон, Ӯзбекистон узвияти худро дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ барқарор намуд, — гуфт Танзила Норбоева.

Ба гуфтаи раиси Сенати Олий Мачлиси Ӯзбекистон роҳбарони тамоми идораҳо бояд ба мардум хизмат кунанд ва ин равандҳамчун одат касб пайдо кунад. Аммо мулоқот барои мулоқот не, балки ҳар як мурочиат бояд шунидаву ҳаллу фасл гардад, тазаккур дод Танзила Норбоева.

Ба таъкиди Танзила Норбоева қаблан роҳбарон аз мулоқот бо кормандони воситаҳои ахбори омма худдорй мекарданд. Баъзан нисбати онҳо аз шеваи дуруст ҳам кор мегиранд, ки онро ғайр аз доғ чизи дигар наметавон номид. Набояд фаромӯш кунем, ки Президенти мамлакат нақши ВАО дар инъикоси ислоҳоти кишварро хеле дуруст таъкид намудааст.

— Маҳз журналистон масъалаҳоеро дар миён мегузоранд ва таваччӯҳи роҳбаронро чалб месозанд, ки мардуми моро хеле нороҳат месозанд. Журналистон роҳҳои ҳалли масъалаҳоро низ ишора ва ғояҳои ғайристандартиро низ пешниҳод менамоянд. Барои ҳамин мулоқот бо мардум ва журналистон бояд барои мо одати анъанавй касб намояд. Моро зарур аст, ки ба қоидаҳои этика амал кунем,-иброз дошт раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева.

Бар асоси таъкиди ӯ роҳбарон танқидҳои воситаҳои ахбори умум, хоссатан, интиқодеро, ки аз чониби расонаҳои хоричй маншаъ мегиранд, бояд ба сифати фикри озоду ошкорои тамоюлҳои давлати демократй  дуруст қабул кунанд.

Ногуфта намонад, ки дар мачлиси умумии Сенати Олий Мачлиси Чумҳурии Ӯзбекистон 19 масъалаи муҳим муҳокима мегардад. Аз чумла, тасдиқи қонунҳо “Дар бораи бучаи давлатй барои соли 2010” “Дар бораи Девони Вазирон” “Дар бораи тағйир додани марзи шаҳр ва ноҳияи Самарқанд”, ҳамчунин масъалаҳое, ки ба таъмини газу барқ  марбутанд ва мардумро ба мушкилот рӯ ба рӯ кардаанд, баррасй хоҳанд шуд.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here