Дар 5 моҳи соли 2019 ба вилояти Хатлон 6 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омада аз маконҳои таърихиву сайёҳии ин минтақаи Тоҷикистон дидан кардаанд.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилояти Хатлон Шамсулло Салимзода ҳоло дар ин вилоят 77 мавзеи зебои сайёҳӣ, 795 ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ мавҷуд мебошад.

Ба гуфти ӯ, 4 ёдгории нодири таърихии вилоят — «Қалъаи Ҳулбук»,»Тахти Сангин», «Мадориси Хоҷа Машҳад» ва «Аҷинатеппа» ба феҳристи меросҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд.

Мушкили асосӣ дар соҳаи сайёҳии ин вилоят камбуди инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, мошинсарой, роҳҳои бехавфи кӯҳӣ, коргоҳу мағозаҳои армуғонбарориву армуғонфурушӣ, фуруши таҷҳизоти сайёҳӣ, набудани роҳбаладони махсус ва маблағгузории кам ба соҳаи сайёҳӣ мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here