Соли 2019-ум тариқи гузаргоҳои гумрукии вилояти Хатлон 799 воситаи нақлиёт ворид ва ба расмияти гумрукӣ дароварда шудаст, ки ин теъдод нисбат ба соли 2018-ум 336 адад зиёд аст.

Дар ин бора Зафар Маҳмадалиев сардори Идораи гумруки вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Гуфта шуд,ки аз 799 воситаи нақлиёте, ки ба Хатлон ворид шудааст, бештарашонро сабукравҳои тамғаҳои «Тайота Кемрӣ», «Мерседес», «Тайота Карола» ва «Опел» ташкил медиҳанд.

— Ҳамаи воситаҳои нақлиёти воридшуда соли бароришаон аз 2005 боло мебошад, — илова кард сардори Раёсат.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here