Дар чанд рӯзи охир садамаҳои нақлиётӣ боиси ба ҳалокат расидани пиёдагардон ва дучархаронҳо шудааст, ки тафсилоти онҳоро маркази матбуоти ВКД нашр кардааст.

03.03. 2018, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” Раҳимов Ойбек Анамуродович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рудакӣ, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарони шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 27-30-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа дучархарон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.

04.03.2018, тахминан соати 05:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Пиров Назрулло Шодиевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Панҷ ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Панҷ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Маҳмадов Давлатшо Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 1970, ки бо писари ноболиғаш, Мансуров Талабшо Давлатшоевич, соли таваллудаш 2001, сокинони ҷамоати деҳоти Қумсангир дар як дучарха ҳаракат мекарданд, пахш кардааст. Дар натиҷа, мард бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расида, ноболиғ дар беморхона аст.

03.03.2018, тахминан соати 18:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Шахман” Бобоҷон Олимзода, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста пиёдагард Шарифов Раҳматулло Иззатуллоевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Панҷро пахш кардааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

04.03.2018, тахминан соати 10:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” Ҷалолов Иззатулло Исматуллоевич, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҳамин ноҳия, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди хурдсол Калуғов Билол Давронович, соли таваллудаш 2011, сокини ноҳияи Ёвонро пахш кардааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here