Дар ду рӯзи истироҳати ҳафтаи гузашта аз садамаҳои нақлиётӣ чор ронанда ба ҳалокат расидаанд, ки беэҳтиётӣ ва аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромадан боис шудааст.

Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки 13-уми январ, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ибодов Муҳсиддин Давлатович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Афғонободи шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Абдулло ба самти маркази шаҳри Ҳисор аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Ғаниев Темур Рустамович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, бархурдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Ғаниев Т.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

14-уми январ, тахминан соати 00:10, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Қаҳҳоров Абдуҷаббор Абдушукурович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рустамови ҷамоати деҳоти Ғозиён, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба дарахти канори роҳ бархурдааст.Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур Қаҳҳоров А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳамон рӯз, тахминан соати 03:10, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда» Рауфов Ҷаҳонгир, соли таваллудаш 1977, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди «Ғафуров-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Ғафуров, аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Ауди”, таҳти идораи ронанда Латифов Абдурауф, соли таваллудаш 1972, сокини шаҳри Исфара, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаҳои автомашинаҳои мазкур Рауфов Ҷ. ва Латифов А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here