Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» парвозҳои худро аз 31-уми марти соли равон аз сар мегирад. Дар ин бора ба Faraj.tj масъулини ширкат хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, сар аз ҳамин рӯз дар тамоми нуқтаҳои чиптафурӯшии кишвар фурӯши чиптаҳои ширкат дар хатсайри Душанбе-Маскав ва Маскав-Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Парвози нахустин дар ин самт рӯзи 31-уми марти соли равон аз сар гирифта мешавад.

Пас аз анҷоми расмиёти муайян моҳи апрели соли равон давра ба давра парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар дигар хатсайрҳо низ барқарор карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бинобар мушкилоти молӣ аз 4-уми январи соли равон парвозҳои худро ба шаҳрҳои Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ба муҳлати номуайян қатъ карда буд.

Қабл аз ин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Урумчӣ-Душанбе, Душанбе-Теҳрон-Душанбе, Душанбе-Алма-ато-Душанбе, Душанбе-Бишкек-Душанбе, Душанбе-Самарқанд-Душанбе, Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Сургут-Душанбе, Душанбе-Нижневартовск-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе ва Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазамро иҷро менамуд.

Ёдовар мешавем, ки парки ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» аз тайёраҳо ва чархболҳои Boeing 737-300, Boeing 757-200, Boeing 767-300, Bombardier CRJ–200, Ан-28 ва Ми-8 МТВ иборат мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here