Қазоқистон бо сабаби коронавирус ҳамаи чорабиниҳои оммавиро манъ ва хонандагони мактабро ба рухсатии барвақтӣ фиристод. Ин тасмим аз ҷониби мақомот рӯзи 12-уми март гирифта шудаааст.

Қазоқистон, ки бо Чин ҳамсарҳад аст, то ҳол дар бораи ҳодисаҳои коронавирус хабар надодааст, аммо мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, ки пайдоиши коронавирус дар ин кишвар ногузир аст.

“Рейтерс”менависад, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ коронавирусро дунёгир эълон кард ва Ҳукумат ба татбиқи чораҳои махсуси пешгирикунанда шуруъ мекунад. “Чорабиниҳои ҷамъиятӣ бекор карда мешаванд”, — навиштааст президенти кишвар Қосим Жомарт Тоқаев дар саҳифаи твиттериаш.

Тибқи гуфтаҳои муовини сарвазир Тоғжанов ба хабарнигорон, манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ аз 13-уми март ҷорӣ карда шудааст, донишҷӯён чанд рӯз қабл аз истироҳат аз 16-уми март то 5-уми апрел ба рухсатӣ фиристода мешаванд. Танаффусҳои баҳорӣ дар Қазоқистон одатан ба рӯзҳои  21-уми март то 3-юми апрел рост меоянд.

«Дар Қазоқистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст» — гуфтааст Тоғжанов ба хабарнигорон. Ӯ инчунин гуфтааст, ки Қазоқистон басомади парвозҳо ба Аврупои Ғарбӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Беларусро коҳиш медиҳад.

Ба гуфтаи Тоғжанов, дар кишвар бозорҳо ва марказҳои бузурги савдо фаъолият хоҳанд кард, аммо театр ва кинотеатрҳо баста хоҳанд шуд.

Қосим Жомарт Тоқаев дар Твиттер навиштааст, ки дар таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва молҳои мавриди ниёз ягон монеа ва халал ворид нахоҳад шуд.“ Мо бо ҳам ҳама чизро бартараф хоҳем кард”,- навиштааст ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here