Дар Қазоқистон 13-уми июл барои поси хотири қурбониёни коронавирус “Рӯзи мотами миллӣ” эълон карда шуд. Дар ин бора расонаҳои хабарии қазоқ дар такя ба дафтари матбуоти раисҷумҳури ин кишвар хабар додаанд.

Президент Қосимҷормат Тоқаев рӯзи гузашта дар муроҷиати худ ба мардум ин нуктаро баён кард.

— Дар паси хабарҳои расмӣ фоҷеаи садҳо хонавода ниҳон аст. Яке падари худро, дигаре модар, бародар ва хоҳари худро гум кардааст. Ман ба ҳамаи онҳое, ки наздикони худро гум кардаанд, таслият мегӯям ва ба ин далел 13-уми июлро рӯзи мотами миллӣ эълон мекунам, — таъкид намудааст Тоқаев.

Тибқи маълумотҳои расмӣ то имрӯз дар Қазоқистон 264 нафар бар асари коронавирус ҷон додаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here