Ҳимматов Сайвалӣ, сокини ҷамоат «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ — падари Моҳпора Ҳимматова, ки як моҳ қабл суди вилояти Хатлон ӯро дар марги бародари 36-солаи шавҳар ва духтарчаи 2-солаи ӯ, инчунин, заҳролудсозии 30 нафар аз хешу табори хонавода маҳкум ба 18-соли зиндон кардааст, мегӯяд духтарашро оилаи шавҳараш тӯҳмат кардаанд.

Номбурда имрӯз, 8-уми декабр, дар сӯҳбат бо мо иттиҳомотро нисбати духтараш Моҳпора Ҳимматова рад карда гуфт, ӯ ягон хусумату бадбинӣ нисбати хонаводаи шавҳараш надошт.

— Ин ҳодиса моҳи июни соли 2014-ум, ду моҳ пас аз шавҳар кардани Моҳпора, рух дода буд. Он замон аз ҷониби Прокуратура ва идораи санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Панҷ парванда боз шуда, тафтиш гузарониданд. Пас аз чанд муддати таҳлилу тафтиш муайян шуд, ки орде, ки ин оила аз он истифода кардаанд, кӯҳна шуда будааст. Инчунин, дар ганҷуре, ки орд ва дигар анвои хӯрдании хонавода нигоҳдорӣ мешудааст, як таҷҳизоти дорупошии олуда бо заҳри ҳашароти зараррасон низ он ҷо будааст. Умуман, мақомоти тафтишотии Прокуратураи ноҳия ва идораи санитарӣ-эпидемиологии ноҳия ҳолати санитарии ганҷурро бад арзёбӣ кардаанд ва бо сабаби наёфтани ягон далел бар зидди духтари ман, парвандаро муваққатан боз доштанд. То ҳол он халтаи орд дар Прокуратураи ноҳияи Панҷ нигоҳдорӣ мешавад. Бояд бигӯям, ки он замон Моҳпора низ ҳамроҳ бо аҳли хонавода заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ шуда буд. Ба ин нигоҳ накарда, аҳли оила ҳама айбу гуноҳро ба гардани духтари ман бор карданд. — мегӯяд С. Ҳимматов.

Дар ҳамин ҳол, холаи марҳум Насриддинов Мирхӯҷа — Сайлонбӣ, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунад, келинашон Моҳпораро дар марги шавҳараш Мирзошо низ гунаҳгор медонад.

Ӯ келинашонро ба сабукпоӣ мутаҳҳам карда мегӯяд, ки то келин шуда омаданаш Моҳпора боз се шавҳари дигар карда будааст ва чанд фарзанд низ доштааст.

— То ба хонаи апааш келин шуда омадани Моҳпора оилаашон тинҷу осуда зиндагӣ доштанд ва ягон хел ҷангу ҷанҷолу нофаҳмиҳо миёни бародарон ва хоҳарони онҳо вуҷуд надошт. Як оилаи маъмулӣ буд. Сабаби ба ин кор даст задани Моҳпора рашку ҳасад ва хусумати ӯ нисбат ба Мирхӯҷа буд. Гап сари он аст, ки моҳи феврали соли 2014-ум худораҳматии Мирхӯҷа «дизентерия» шуда, дар беморхонаи инфексионии ноҳия бистарӣ мегардад. Ҳимматова Моҳпора он вақт ба ҳайси фаррош дар беморхона кор мекард. Ӯ бо ҳар роҳ мехост бо Мирхӯҷа муносибати маҳрамона дуруст кунад, вале Мирхӯҷа рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ки оиладорасту се духтарчаи дӯстрӯяк дорад ва як тори мӯйи духтараконашро ба сад Моҳпора намедиҳад. Ҳамин тавр, вақте ки Моҳпора мебинад, ки бо Мирхӯҷа наметавонад муносибат дуруст кунад, ӯ ба бародари Мирхӯҷа — Мирзошо, ки бемордорӣ мекард, «мечаспад». Бо Мирзошо, ки аз Русия омада буду он замон зан надошт, бо ҳар роҳ алоқа пайдо мекунаду ду моҳ пас, моҳи апрел ба хонаашон келин шуда меравад. Келини нав дар дил рашку ҳасаду хусумат ба зану кӯдакони Мирхӯҷа ҳисси бадбинӣ зоҳир мекунад, — гуфт оҳ кашида Сайлонбӣ.

Номбурда, ҳамчунин нақл кард, ки то дар қурутоб заҳри ҳашарот илова кардану куштани Мирхӯҷа, келинашон ду маротибаи дигар онро дар шир илова карда, ба кӯдакон ҳам хӯронида будааст, вале хушбахтона, кӯдаконро сари вақт ба беморхона расониданду аз марг пешгирӣ шудааст.

— Маротибаи сеюм 29-уми июни соли 2014, рӯзи дуюми моҳи Рамазон буд, ки заҳрро дар қурутоб илова кард ва он замон чанд нафар заҳролуд гаштанд, вале танҳо Мирхӯҷа фавтид. Маротибаи чорум 7-уми сентябр ба хамири кулча заҳрро илова кард, ки духтарчаи 2-солаи Мирхӯҷа вафот кард ва аз кулчаҳо, ки шавҳараш Мирзошо нофаҳмида ба хонаи мо — ноҳияи Вахш овард, чанд нафари оилаи мо ба бемористони шаҳри Қӯрғонтеппа афтиданду хушбахтона, сари вақт табобат ёфтанд, — мегӯяд холаи Мирхӯҷа.

Ба гуфтаи холаи Сайлонбӣ, пас аз ин муносибати ёру рафиқи Мирзошо бо ӯ дигар мешавад. «Дар ҳар куҷо, ки ӯро бинанд, фишор меоранд, гапҳои ҳархела, ба монанди «занатро саришта карда натавонистӣ, додарат ва духтарчаи бечораашро кушт!», «ҷавоби марги онҳоро дар қиёмат ту медиҳӣ!» мегӯянд. Ҳатто дар ҷамъомаде, ки ӯ пайдо мешуд, ҷӯраҳояш он ҷоро тарк мекарданд, бо ӯ салом намекарданд, хулоса, зери фишори равонӣ қарор дошт».

— Ҷияни бечораам Мирзошо ба ин азобҳои равонӣ тоқат накарда, як бегоҳ дар сари дастархон бо занаш ҷанҷол мебардорад ва аз ғояти хашму ғазаб бо корди ошхона ба шикамаш мезанад. Ӯро ба духтур бурдем, духтурон гуфтанд, ки захм чуқур нест,ӯро ҷарроҳӣ карданд, вале субҳи барвақт хабари маргашро оварданд, —  ёдовар мешавад холаи Сайлонбӣ бо сӯзу оҳ.

Ёдовар мешавем, ки  Суди вилоятии Хатлон пас аз чор мурофиаи судӣ рӯзи 9-уми ноябр ҳукми зани 37-солаи ноҳияи Панҷ Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевнаро содир кард, ки дар марги ду нафар аз наздикони шавҳар ва заҳролудсозии беш аз 30 каси дигар айбдор дониста мешуд.

Қаблан адвокати маҳкумшуда Шералӣ Қарахонов дар суҳбат бо faraj.tj гуфта буд, ки аз ҳукм норозиянд ва аз болои он ба Суди Олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

-Прокурор барои зерҳимояи ман 28 соли маҳбас талаб кард. Судяи парванда Маҳмудзода Зудайдулло бошад, ҳукмро 25 сол эълон намуд, вале бо дастрасии авфи соли 2016-ум аз чор як ҳиссаи ҷазо кам карда шуда, дар умум 18 сол расонида шуд,-гуфт адокат Ш.Қарахонов.

Муфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон Салимзода Восеъ Саид, ки тафтиши ин парвандаро анҷом додааст, дар суҳбат бо мо гуфт, ҷинояти куштори ду нафар аъзои оилаи Насриддиновҳо аз деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддини ноҳияи Панҷро бо роҳи заҳролудсозӣ келини хонавода Ҳимматова Моҳпора бо мақсади аз худ кардани манзили истиқоматӣ анҷом додааст. Аз рӯи маводҳои дар парванда ҷойдошта, Ҳимматова Моҳпора Сайвалишоевна сокини деҳаи Турдишайхи ҷамоати деҳоти “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ буда, аз рӯзҳои аввали оиладоршавӣ бо Насриддинов Мирзошои 38-солаи сокини деҳаи Пахтакори ноҳия бо наздикони ӯ хусумат пайдо кардааст. Ба гуфтаи муфаттиш, заҳролудсозиро маҳкумшуда пай дар пай, чанд маротиба анҷом додааст.

Шамсулло Фозилов

 

Дар акс бародарон Мирхӯҷа ва Мирзошо Насриддиновҳо

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here