Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) 10 варзишгари беҳтарини солро муайян кард. Бар асоси назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо инҳо дохил шуданд:
Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, ғолиби Ҷоми байниқитъавии Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Continental Cup);
Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ, чемпиони дукаратаи Осиё миёни ҷавонони то 23-сола;
Беҳрӯзи Хоҷазода (кураш ва самбо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба кураш ва медали биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо;
Комроншоҳи Устопириён (дзюдо ва самбо) – барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ оид ба дзюдо ва самбо, ғолиби Гран-прии дзюдо дар Анталия;
Шакармамад Мирмамадов (дзюдо) — барандаи медали биринҷии Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ;
Хушқадам Хусравов (самбо) — қаҳрамони ҷаҳон;
Сорбон Латифов (самбои размӣ) — барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон;
Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё;
Сомон Маҳмадбеков (дзюдо) – ғолиби Ҷоми Осиё, барандаи медалҳои нуқра ва биринҷии Ҷоми Аврупо миёни ҷавонон;
Идимоҳ Холова (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё миёни ҷавонон.