Дар соли 2017 аз ҷониби Вазорати адлияи кишвар 12 ҳазору 148 ҳуҷҷати вобаста ба алимент қабул гардидааст ва 60 ҳазор ҳуҷҷати дигар вобаста ба алимент зери назорати иҷрочиён қарор дорад. Дар ин бора вазири адлияи кишвар Рустам Шоҳмурод зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

“Дар маҷмӯъ, 61 ҳазор ҳуҷҷате, ки мо қабул кардем, 12 ҳазору 148-тоаш вобаста ба алимент аст. Дар дасти иҷрочиён беш аз 60 ҳазор ҳуҷҷати дигари вобаста ба алимент зери назорат қарор доранд, чунки уҳдадории алиментӣ ин уҳдадории тӯлонӣ аст”, — гуфт вазири адлия.

Дар мавриди ворид гардидани тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандии Тоҷикистон вобаста ба алимент, омори қарздорони алимент ва ба ҷазои ҷиноятӣ кашидани алиментсупорандагонро вазир чунин шарҳ дод: “Омори қардзорон ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандонро дақиқ муайян карда наметавонем, чунки ҳастанд ҳолатҳое, ки шаҳрвандон бо ихтиёри худ алимент месупоранд ва ин чиз ҳисоб карда намешавад. Барои мисол аз 10 100 ақди никоҳи бекоршуда, 8452 ноболиғ мондааст. Метавонед аз ин шумора ҳисоб кунед”.

Мавриди қайд аст, ки тибқи тағйиру иловаҳои наве, ки ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандии Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта татбиқ шуд, ҷазои волидони саркаш аз пардохти алимент сангинтар шуд. Қаблан танҳо пас аз се моҳи таъхир дар пардохти алимент эҳтимоли ба ҷавобгарӣ кашида шудани волидон имкон дошт, аммо тибқи тағйироти нав, ки ба парлумон пешниҳод гардид, онҳое, ки дар муддати як моҳ бе сабаб алименти фарзандашонро пардохт намекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here