Барномаи  “Сбербанк онлайн”-и Бонки Эсхата ба ҳамаи хешовандон ва дӯстони мизоҷони бонк имкон медиҳад, ки тавассути барномаи мазкур аз корти “Сбербанк”-и Русия ба корти маҳали Бонки Эсхата маблағ ворид намоянд.

Акнун,  бо ин намуди хизматрасонии муосир мизоҷони Бонки Эсхата вақти худро сарфа намуда, дигар дар бонк интизори навбат нахоҳанд шуд.

Хешовандон ва дӯстони мизоҷони Бонки Эсхата метавонанд ба Бонк муроҷиат накарда, фавран ба воситаи корти онлайни “Сбербанк” маблағ ворид намоянд.

Ба корти Бонки Эсхата чи тавр пул равон кардан мумкин аст? Бонки Эсхата дастурҳои ин барномаро муфассал пешниҳод менамояд:

  1. Дар равзанаи асосии барнома тугмаи «Пардохтҳо» -ро интихоб кунед.
  2. Баъд, қисмати «Дар хориҷа» -ро интихоб намоед.
  3. Фасли «Бо рақами телефон»-ро интихоб кунед.
  4. Тугмаи «Бонки Эсхата»-ро интихоб намоед.
  5. Маблағ, рақами телефони қабулкунандаро ворид кунед, корти худро интихоб кунед ва «Давом додан»-ро интихоб намоед.
  6. Тасдиқи маълумоти қабулкунандаро бо тугмачаи «Тасдиқ» тасдиқ намоед.
  7. Санҷидани номи гирандаро фаромӯш накунед.

Дарҳол пул бакортиқабулкунанда интиқол дода мешавад!

Қайд кардан муҳим аст, ки ҳангоми интиқоли маблағ дар корти Бонки Эсхата он ба пули миллӣ мубаддал мегардад.

Нақдро дар ҳама банкоматҳои Бонки Эсхата, 24 соат дар як рӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта гирифтан мумкин аст. Дар тамоми ҷумҳурӣбарои шаҳрвандон зиёда аз 100 банкомат мавҷуд аст, ки акнун мизоҷони Бонки Эсхата вақти худро сарфа намуда, метавонанд бо корт дар 800 нуқтаи савдои шарикони Бонк пардохт намоянд. Суроғаҳои нуқтаҳои шарикони Бонкро дар торнамои зерин пайдо намоед: http://eskhata.com/individuals/bank_cards/atms.php

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here