Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ғоратгар хабар дод ва аз шаҳрвандон хоҳиш кард, ки агар аз дасти ин ҷинояткорон ҷабр дидаанд, ба милиса хабар диҳанд.

Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Эҳсони Рустам, санаи таваллудаш 28-уми июни соли 2000-ум, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, маҳаллаи Гулбутта, ки барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешуд, дастгир гардид. Гарчанде номбурда соли 2016 бо ҷурми содир намудани ҷинояти дуздӣ суд шудааст, ин навбат боз даст ба ғоратгарӣ зада, 7-уми августи соли ҷорӣ дар назди бинои 187/1 кӯчаи Борбади Душанбе аз гардани шаҳрванд Кирилова Александра Николаевна бо тариқи ошкоро гарданбанди тиллоиро тасарруф рабудаааст. Айни ҳол нисбати номбурда бо моддаи 248 (ғоратгарӣ)-и КҶ ҶТ парванди ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда Эҳсони Рустам дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Кормандони милитсия шаҳрванд Раҳимов Комрон Аҳмадҷонович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсиро дастгир карданд, ки дар содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ гумонбар дониста мешавад.

Номбурда моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Гипрозем қарор доштанаш телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Галакси А-7», ки 2400-сомонӣ арзиш доштааст, ошкоро бо тариқи зӯроварӣ аз дасти шаҳрванд Брикманс Олег Янович, соли таваллудаш 1987-ро гирифтааст. Нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 (ғоратгарӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Дар робита ба ҳодисаҳои мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар касе аз ин нафарон ҷабр дидааст, метавонад ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here