Ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо сафари расмӣ ба Қатар меравад.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов  сафари мазкур бо даъвати Ассамблеяи Иттиҳоди  байнипарламентӣ ва раиси парламенти Давлати Қатар аз таърихи 5 то 10 апрели соли ҷорӣ амалӣ мегардад.

Дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаҳои 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ иштирок ва дар назди ҳозирин суханрони карда, бо намояндагони воломақоми ин кишвар дидору мулоқот анҷом диҳад.

Ин аввалин сафари расмии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ин давлат буда, бо даъвати расмии Ассамблеяи Иттиҳоди  байнипарламентӣ ва раиси парламенти Давлати Қатар анҷом дода мешавад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуда, ба хотири рушду густариши робитаҳои байнидавлатӣ дар ҳар ду кишвар сафоратҳо ифтитоҳ гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here