Варзишгари маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов аввалин роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро миёни варзишгарони Тоҷикистон ба даст овард. Дар пайи ӯ Шаббос Негматуллоев низ ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт.

Баҳодур 11-уми март дар қувваозмоии даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпии бокс дар қораи Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бар варзишгари Эрон Ашкон Ризоӣ пирӯз шуд. Баҳодур Усмонов дар ин мусобиқа дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ ғалаба кард, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Обада Алкасба мағлуб шуд.

Дар баробари Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг Обада Алкасба (Урдун), Зокир Сафиулин (Қазоқистон), Баатарсуҳиин Чинзориг (Муғулистон), Элнур Абдураимов (Узбекистон) ва Маниш Каушик (Ҳиндустон) ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпиро, ки аз 24 июл то 9 августи имсол дар Токиои Ҷопон доир мегардад, соҳиб шуданд.

Шаббос, ки 10-уми март дар қувваозмоии аввали даври бокс-оффи мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Осиё/Уқёнус дар вазни -81кг бар варзишгари Тайланд Йомҳот Ҷаккапонг пирӯз шуд, дирӯз дар қувваозмоии дуюми бокс-офф бар намояндаи Ҳиндустон Сачин Кумар ғалаба кард.

Шаббос дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари Тайланд Ҷаккапонг Йомҳот пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Қазоқистон Бекзод Нурдавлатов шикаст хурд.

Ба ғайр аз Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг аз қораи Осиё/Уқёнус Бекзод Нурдавлатов (Қазоқистон), Одаӣ Ал-Ҳиндавӣ (Урдун), Чен Дасианг (Чин) ва Пауло Аукусо (Австралия) ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро ба даст оварданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here