Оё ба ин дидор истиқлолиҳо тайёр мешаванд?

Рақиби «Истиқлол» ин бор «Локомотив» Тошканд (узбакӣ – «Lokomotiv» Toshkent futbol klubi) эълом шудааст, ки аз дастаҳои пурқудрати имрӯзи лигаи бартар (узб. – оliy liga)-и Узбакистон буда, соли 2002 таъсис ёфтааст. «Локомотив» соли 2018 бори сеюм қаҳрамони паёпайи футболи кишвараш шуд; дар мавсими имсол барандаи медолҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонӣ. Сарпарасти даста: ширкати давлатии роҳи оҳани Узбакистон (узб. -Oʻzbekiston temir yoʻllari). Дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонони Осиё таҷриба дорад ва боре ҳам дар марҳалаи гурӯҳӣ (2016) мақоми аввалро касб кард. Чандин мураббиёни номдори хориҷӣ дар ин даста ҳамкорӣ кардаанд, аз ҷумла Ҳаким Фузайлови тоҷикистонӣ дар мавсими 2013–14 сармураббии он буд.

«Локомотив»-и Тошканд, ноибқаҳрамони имсоли Узбакистон, акнун дар марҳалаи муқаддамотии Лигаи қаҳрамонони Осиё-2020 қаҳрамони имсолаи Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанберо ба майдони рақобат даъват кардааст. Аз хотирҳо нарафтааст, ки чунин дидор дар оғози соли ҷорӣ бо дастаи Олмалиқи Узбакистон барои истиқлолиҳо нокомии талхе оварда буд, онҳо бо натиҷаи ду бар чаҳор бохта буданд. Ҳоло давви наву ҳарифи наву майдони нав, аммо суол ин аст, ки оё «Истиқлол» ба ин масоф тайёр аст ва ҳозир аст, ки бо сабақ аз нокомии пешин, сазовору боиқтидор ба майдон ояд? Ҳудуди ду моҳ тафреҳу тамриноти навину омодагии мавсими тоза дар пеш аст, касе гуи сабқат хоҳад бурд, ки ғами сарморо дар гармо мехӯрад ва «Истиқлол» ҳам бояд дар андешаи ин пайкори ҳассос роҳ ҷӯяд, каму кости саффи хешро аз дифоъ то ҳамла расо кунад; ҳоло ин ҳайати на чандон устувори қаҳрамонаш танҳо хонашеронеро мемонанд, ки дар майдонҳои берун аз кишвар гумон аст, шуҷоъати шойиста намоиш диҳанд. Мухлисон интизори таҳаввули такондиҳанда дар таркиби «Истиқлол» (ва ҳам дар таркиби дигар дастаҳои калидии кишвар) ҳастанд, то ки шоҳиди комёбиҳои дурахшони футболи Тоҷикистон бошанд. Ҳамчунин дидори «Истиқлол»-ро бо «Локомотив»-и Тошканд, ки 21 январ дар Тошканд баргузор мегардад, дар як рақобати сазовору қобили таҳсин интизоранд.

Обид Шакурзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here