Шоми  6-уми ноябри соли ҷорӣ “Кохи Наврӯз”-и Душанбе серодам буд. Ҳама барои тамошои нахутнамоиши филми ҳунарию мазҳакавии “Автобус”  омада буданд.

Дар даромадгоҳи “Кохи Наврӯз” мизи гирдеро дидем, ки дар он шумораи идонаи нашрияи расмии муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”  — “Кино”- ро ба намоиш гузоштаанд. Аксари меҳмонон аз ин журнале, ки ба ифтихори 80-солагии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ато Муҳаммадҷонов бахшида шудааст, яктоӣ гирифтанду якҷоя аксҳои хотиравӣ бардоштанд. Донишҷӯёни соли сеюми ихтисоси “Ансамбли мусиқии мардумӣ”- и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат меҳмононро ба толори кино бо навою нағмаи дилошӯб пешвоз мегирифтанд.

Чанд тан аз ҳунармандони филми “Автобус” -ро дар ҳалқаи меҳмонон дида суҳбати сарипоӣ оростем.

— Дар филми “Автобус” чанд камбудии зиндагии мо инъикос шудааст. Ҳар нафар филмро тамошо кунад, метавонад худро дар он бинад. Мақсади коргардон ҳам дар он буд, ки дардҳои имрӯзаи ҷомеаи моро нишон диҳад.  Ин норасоиву камбудиҳо на танҳо дар Тоҷикистони мо аст, балки дар ҳар кунҷу канори дунё буду ҳаст. Ман ҳамчун ҳунарпеша ҳамин қадар гуфта метавонам. Дигар, баҳодеҳ худи тамошобин аст, — гуфт ҳунарпешаи шинохта Нисо Муҳамммадҷонва, ки дар филм нақши пиразанро бозӣ кардааст.

— Бовар дорам, ки  мардум аз тамошои филми “Автобус” ба худ  чизи наве мегирад. Албатта, дар филм ҳунармандони маъруф бозӣ кардаанд. Коргардон — Абдулҳай Зокиров ҳам диди нав дорад, — мегӯяд ҳунарманди номӣ Насриддин Нурридинов, ки дар филм нақши ронандаро иҷро кардааст. — Ҳозир аз дастаи вирус одамон аз ҳам дуру бегона шудаанд. Дар байни мо рафту омад нест, аммо дар филми “Автобус” ҳама ҳаст. Мисол, дар саҳнаҳои ин филм меҳмоннавозӣ ҳаст, одам ба одам меҳр дорад, як ҷамъияте аст, ки якдигарро дӯст медоранд, ҳазлу шӯхӣ ҳаст.

— Қаҳрамони ман зани рус мебошад. Зане, ки модараш рус асту падараш тоҷик.  Ӯ бо амри тақдир дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Баъди рафтани хешовандон ӯ ҳам ба Русия рафтанӣ мешавад. Ин филм дар жанри мазҳака аст. Аслан, тавассути мазҳака  мо метавонем, ки тамоми дардҳоро нишон диҳем. Ин филм бозгӯйи ҳаёти имрӯзаи мост. Шояд нафароне, ки филмро тамошо мекунанд, дар он худро бинанд. Масалан, дар ҳаёти ҳаррӯза пасту баланд гап задани кондукторҳоро борҳо мебинем, амсоли чунин саҳнаҳои ҳаётӣ дар филм бисёр аст. Гумон мекунам, ки филм хуб баромадасст, — гуфт ҳунарпешаи маҳбуб Мавлона Наҷмиддинова, ки нақши Наташаро иҷро кардааст.

Ҳама дар ҷойҳои нишаст ҷо ба ҷо шудаанд. Экрани калони толори кино равшан шуд.  Аввалан, ба муносибати 90-умин солгарди кино лавҳае нишон доданд. Дар он порчаҳои муассир  аз филмҳои машҳури “Тоҷикфилм” истифода шудааст. Ин лавҳа бозгӯкунандаи маҳсули заҳматбори дирӯзу имрӯзи синамогарон буд.

Директори муассисаи “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён дар сухани табрикотӣ гуфт, ки тайёранд бо кулли ҳунармандон ҳамкорӣ кунанду фазоро пур кунанд. Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов низ  аҳли толорро ба муносибати 90-солагии кинои тоҷик табрик гуфта, ёдрас шуд, ки дар лавҳаи идона аз филмҳои мустанаду тасвирӣ порчаҳо набуд.

— Хеле хушҳол шудам, ки ба ҳамагир шудани коронавирус нигоҳ накарда, имрӯз толори кино пур буд. Дидам, ки  бинандагон бо чеҳраҳои хандон ҳар саҳанаро тамошо мекарданд, қарс мезаданд. Ман фахр мекунам, ки филмномаи дуруст навиштам. Гумон мекунам, ки филм ба дарди  онҳо хӯрд, — гуфт муаллифи филмнома ва коргардон Абдулҳай Зокиров ҳангоми гусел меҳмонон.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here