7-уми ноябр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 23-сола баргузор шуд.
Дар асоси қуръакашӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) ҳамроҳ бо дастаҳои Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон ба гурӯҳи “F” ворид шуд.
Дар марҳилаи интихобӣ 44 даста дар 11 гурӯҳ барои ба марҳилаи финалӣ баромадан талош мекунанд. Дар минтақаи Ғарб 6 гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ 5 гурӯҳ таъсис ёфтааст.
Бозиҳои гурӯҳи “F” аз 22-юм то 26-уми марти соли оянда дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.
Дар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ҳамроҳ бо 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд ба нақша гирифта шудааст, роҳхат мегиранд. Дар сурате ки мизбони чемпионат – мунтахаби Тайланд дар гурӯҳаш ҷои аввалро ишғол кунад ё миёни 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо интихоб шавад, пас дастаи панҷуми ҷойи дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ мегардад.
Се дастаи беҳтарин чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 23-сола ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат мегиранд.
Коршиносон мегӯянд, ки Тоҷикистон имкони аз ин гурӯҳ ба марҳалаи дигар баромаданро дорад.
Чемпионати Осиё-2020 миёни мунтахабҳои ҷавон (U-23)
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобӣ:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Қатар (мизбон), Уммон, Непал, Афғонистон.
Гурӯҳи «В»: Фаластин, Баҳрайн (мизбон), Банғола, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: Ироқ, Эрон (мизбон), Туркманистон, Яман.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ (мизбон), АМА, Лубнон, Малдив.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Сурия, Қирғизистон, Кувайт (мизбон).
Гурӯҳи «F»: Узбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: ҶХД Корея, Ҳонг Конг, Сингапур, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «Н»: Ҷумҳурии Корея, Австралия, Камбоҷа (мизбон), Тайбэйи Чин.
Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Мянма (мизбон), Тимори Шарқӣ, Макао.
Гурӯҳи «J»: Малайзия (мизбон), Чин, Лаос, Филиппин.
Гурӯҳи «К»: Ветнам (мизбон), Тайланд, Индонезия, Бруней.