Ҷавонони вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ  740 медал ба даст оварданд, ки ин теъдод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 264 медал кам аст.

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Фариза Абдуллозода имрӯз дар нишасти хабариаш гуфт, ки ҷавонони вилоят аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар ин давра 272 медали тилло, 232 медали нуқра ва 224 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шаш толори варзишӣ ва 33 майдончаи варзиши бунёд шудааст.

Дар нишаст бештар намояндагии ВАО дар масъалаи кам ва ё набудани ҳавзҳои шиноварӣ суолҳо пешниҳод карданд.

Сардори Раёсати мазкур гуфт, ҳоло дар вилоят 33 ҳавзи шиноварӣ фаъолият доранд ва бояд то соли 2021-ум 13 ҳавзи дигар бунёд карда шавад.

Дар аксар шаҳру ноҳияҳо раисон аз набудани ҳавзҳои шиноварӣ ҳангоми нишастҳои матбуотӣ сухан гуфтаву иттилоъ медоданд, ки бунёди онҳо дар нақша ҳаст.

Ҳоло аксар сокинони минтақаи Бохтари вилояти Хатлонро кам ё набудани ҳавзҳои шиноварӣ нигарон кардааст. Онҳо аз масъулони хоҳиш доранд, ки барояшон ҳавз бисозанд, то онҳо дар ҷойҳои хавфнок ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Тибқи иттилои расида аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 7 нафар ҳангоми шиноварӣ дар кӯлу рӯду дарёҳо ғарқ шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here