Дар як рӯзи моҳи январ ду нафар барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва қасди куштор дастгир шудаанд, ки яке аз шарафи модараш ҳимоят кардаасту дигаре бо хешонаш хусумат доштааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, шаби 10-уми январи соли 2021, тахминан соати 00:30, дар ҳудуди деҳаи Гулистон бо марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи мазкур вохӯрда,  даъво кардааст ва бо корди дар дасташ буда, 2 маротиба ба шиками охирон задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Сабаби даъво ин бадааст, ки кордхӯрда ба модари гумонбаршаванда — зани 45-сола, занг зада, хоҳиш кардааст, ки бо ӯ муносибати ошиқона кунад.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат, бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, шаби 10-уми январи соли 2021, тахминан соати 02:55, аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии холааш, зани 59-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, омада, бо табар 1 маротиба ба сари холааш ва 1 маротиба ба сари шавҳари холааш, марди 59-солаи сокини ҳамон ҷо, задааст.

Дар натиҷа, ҳардуи онҳо ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here