Надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва беэҳтиётӣ сабаби ба ҳалокат расидани як ҷавондухтари 20-солаи язгуломӣ гардидааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании мамлакат, ҳодиса рӯзи 7-уми августи соли равон, соати 13:30, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, сокини 20-солаи деҳаи Мотравн, ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ки дар дарёи Язгулом оббозӣ мекардааст, бинобар беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ, дар об ғарқ шудааст.

“Гурӯҳи ихтиёрии наҷотдиҳандагон баъди ҷустуҷӯҳои зиёд тақрибан соати 14:35 ҷасади ӯро поинтар аз Дашти Язгулом пайдо ва ба пайвандонаш супурданд,» хабар медиҳад КҲФ.

Омори имсолаи ғарқшудагон дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дастрас нест, аммо бино ба маълумоти масъулини КҲФ, дар шаш моҳи аввали соли 2019-ум 57 нафар дар дарёҳо ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here