Дар садамаи нақлиётии 3 рӯз қабл дар маҳаллаи маъруф ба «Профсоюз», ки бо чапа шудани нақлиёти мусофиркаши хатсайри 48 анҷомид, ронандаи автомашинаи «Тайота Авалон» мутаҳҳам дониста шудааст. Дар ин бора аз Маркази матбуоти ВКД ба «Фараж» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, садама нимарӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, 17-уми ноябр, дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Сафия» бо айби ронандаи автомашинаи «Тайота Авалон», рақами қайди давлатияш 83-77 СР 01,сокини кӯчаи Н. Қарабоеви шаҳри Душанбе Холматов Шомиддин рух додааст. Ронандаи «Авалон» бо суръати баланд хостааст роҳро убур намояд ва ба мусофиркаш бархӯрдааст.

ВКД гуфт, зимни садама дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ду мусофир қарор доштааст, ки хушбахтона, ҷароҳат набардоштаанд. «Таҳқиқи садама идома дорад».

Ин ниҳод ҳамчунин, хабари фирори ронандаи «Авалон»-ро аз ҷои ҳодиса рад мекунад, вале шоҳидони садама дар суҳбат бо хабарнигори «Фараж» гуфтанд, пас аз он ки роҳгузарон мусофирбари чапашударо рост карданд, ронандаи «Авалон» ба ронандаи «Старекс» чизе гуфту омадани кормандони ГАИ-ро интизор нашуда, аз ҷои ҳодиса ғайб зад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here