Хабарнигорони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз сафари кории худ дар водии Яғноб силсилагузоришҳо таҳияи карда, пешкаши хонандагон карданд, ки аксар гузоришҳои видеоӣ буданд.

Дар ин навор аз силсилагузориш, Маҳкамбой Асламзода аз хору зор будани гӯри бузургони ин водӣ нақл карда, ободии ин ҷоро нахостани баъзеҳоро ёдрас мешавад.

Хонаву дари мардуми Яғноб, ки солҳои 70-уми асри гузашта аз макони бобоияшон ба ноҳияи  Зафаробод кӯчонида шуданд, вайрону валангор гардида, хеле аз мардуми ин водӣ, ки ҳифзкунандаи мероси аҷдодии худ — забони суғдӣ буданд, талаф ёфтаанд.  Яғноб ягона минтақаест, ки мардумаш ба забони суғдии пешин ҳарф мезананд ва ҳифзкунандаи забони қадимаи суғдӣ ба ҳисоб меравад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here