Вазири тозатаъйини молияи Тоҷикистон таcмим дорад моҳи апрели соли ҷорӣ миёни кормандон атестатсия гузаронад, ки ҳадаф аз он шинос шудан бо сатҳи касбияти кормандон арзёбӣ мешавад.

Вазири нави молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 16-уми феврал дар нишасти матбуотии вазорат гуфт, дар рӯзи нахустини вохӯрӣ бо кормандони вазорат аз вуҷуди ҷавонони лаёқатманде огоҳ шудааст, ки донишгоҳҳои бонуфузтарини ҷаҳонро хатм кардаанд ва азм дорад онҳоро дар қабули қарорҳои вазорат ҷалб созад.

— Дар атестатсия, ки тасмим дорем моҳи апрел дар вазорат баргузор намоем, ман ҳамчун роҳбар мехоҳам бо сатҳи касбияти кормандон шинос шавам. Дар вазорат 5-10 нафар кормандони ҷавони болаёқат фаъолият доранд, ки донишгоҳҳои бонуфузи Англияро хатм кардаанд. Мо аз ин боигарие, ки дорем бояд дуруст истифода барем ва ман инро ҳатман амалӣ хоҳам кард. Дар атестатсия кушиш мекунем, шахсони варзидаи кишварро ҷалб созем ва он ба таври шаффоф баргузор мешавад, — бо қатъият гуфт вазир.

Тасмими баргузории атетстатсия миёни кормандони вазорати молияи Тоҷикистон дар ҳолест, ки пас аз қазияи қарзи 171 миллиондоллараи ширкати «Умед 88», ки гуфта мешавад, аз ҷониби вазорати молияи кишвар маблағҳои бунёди НБО-и «Роғун» тариқи созишнома бо роҳбарияти «Умед 88» барои ривоҷи тиҷорат дода шуда буданд. Муҳлати ниҳоии ин созишнома низ соли 2015 ба охир расид ва ахиран ширкат натавонист онро баргардонад. Феълан роҳбари ширкати «Умед 88» Раҷабалӣ Одинаев дар боздоштгоҳ аст ва наздиконаш тамоми дороии ширкатро ба фурӯш гузошаанд, ки қарзи давлатро баргардонанд.

Рӯзи гузашта аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гуфта шуд, ки дар робита ба қазияи ширкати «Умед 88» чанд нафар аз кормандони вазорати молия низ барои пурсуҷӯ ба Агентӣ даъват карда шудаанд, вале аз шарҳи бештари он худдорӣ карда шуд. Вазири молияи кишвар Қаҳҳорзода Файзиддин низ дар ҷавоб ба суол дар мавриди кормандони даъватшудааш ба Агентӣ бо сабаби сирри тафтишотӣ аз шарҳи масъала худдорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки Файзиддин Қаҳҳорзода аз 23 январи соли 2017 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дошт ва 19-уми январи соли 2018, пас аз барканории вазири собиқи молия ба ин вазифа таъйин карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here