25-уми август дар шаҳри Самарқанди Фестивали байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» («Шарқ  тароналари»)  баргузор мегардад, ки дар он мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ, узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Аслиддин Низомов дар қатори доварон иштирок мекунад.

Ҳамчунин, дастаи ҳунармандони Тоҷикистон бо роҳбарии  Соҳиба Давлатшоева ва дигар санъаткорон мусиқии суннатии тоҷикро муаррифӣ  хоҳанд кард.

Ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ аз соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст. Ҳадаф аз таъсиси ин фестивал муаррифӣ ва эҳёи  мусиқии суннатии халқу миллат мебошад.

Фестивали мазкур дар ду сол як маротиба танҳо дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, он  дар саҳни мадрасаи Шердор аз  қисми шаб оғоз меёбад.

Дар фестивал мемонон аз 70 кишвари дунё — намояндагони Осиё, Африқо ва Аврупо ширкат меварзанд. Имсол ҳунармандон аз 33 давлат, ба монанди Аргентина, Венгрия, Испания, Корея, Латвия, Миср, Озарбойҷон, Покистон, Сингапур, Чин ва Ҳиндустон санъати суннатии худро муаррифӣ мекунанд ва 29 мусиқии суннатӣ садо медиҳад

Инчунин, дар доираи фестивал Конфронси байналмилалӣ  таҳти унвони «Дурнамои рушди мусиқии суннатӣ дар олам» гузаронида мешавад.

Барои иштирокчиёни ҷойҳои аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 ҳазор доллар ва ҷойи сеюм 3,500 ҳазор доллар мукофот муқаррар гардидааст.

Добавить комментарий