Сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев ба рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» иттилоъ додааст,  ки ноҳия дорои беш аз 16 ҳазор боғоти зардолу буда, аз ин 8900 гектарашро дарахтони зардолуи ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.

— Имрӯз беш аз 14 ҳазор хоҷагии инфиродиву деҳқонӣ ба нигоҳубин ва барои бе талаф ҷамъовари намудани мева машғул ҳастанд. Меваи тару тозаи зардолу асосан ба Федератсияи Русия содирот мегардад. Содироти намудҳои зардолуи пешпазаки «Шалах», «Арзанаки калон» ва «Рухи ҷонон» рӯзҳои наздик оғоз гардида, барои содироти он 140 ҳазор дона қуттӣ омода шудааст, — меоварад рӯзнома.

Гуфта мешавад, ки соли гузашта боғдорони ноҳия наздики 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол кардаанд, ки  аз он зиёда аз 3 ҳазор тоннаашро соҳибкорони маҳаллӣ ба  Русия содирот намуда буданд. Онҳо талош доранд, ки имсол низ 20 ҳазор тонна зардолуро содирот кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here