26-уми октябр дар Маҷмааи савдои «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе ҷашнвораи намоиши шолӣ ва биринҷ баргузор мегардад, ки бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ ва шаҳрдории Душанбе роҳандозӣ шудааст.

Дар ин ҷашнвора аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни биринҷ ба намоишу фурӯш  гузошта мешаванд.

Дар намоиш намояндагони  Вазорати кишоварзӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишкадаи аграрии Тоҷикистон, кишоварзон, меҳмонону сокинони пойтахт иштирок хоҳанд кард. Дар он деҳқонони тухмипарвар, ки хоҷагиҳои кишоварзии мамлакатро бо навъҳои гуногуни ғалладонагӣ таъмин мекунанд, маҳсулоти худро ба намоишу фурӯш мегузоранд.

Ҳамчунин ,дар ин ҷашнвора таомҳои миллии аз биринҷ омодагашта, хони миллӣ, гӯшаи анъанаҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегарданд.  Дар намоишгоҳ гӯшаи тавсияҳо фаъол гардонида мешавад. Дар он олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ  ба харидорон доир ба навъҳои биринҷ ва ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар парвариши биринҷ тавсияҳо медиҳанд.

Дар ҷашнвора дар чор бахш озмун гузаронида шуда, ба иштирокчиён ифтихорнома ва туҳфаҳои Вазорати кишоварзӣ тақдим мегарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here