23-юми февлали соли равон нахустин Маркази тадқиқоти журналистии Осиёи Марказӣ – МТЖТ 15- солагии худро ҷашн мегирад. МТЖТ 15 сол муқаддам 23-юми феврали соли 2005 бо ташаббуси як идда журналистони варзидаи кишвар таъсис дода шуд.

Аз соли 2006 то кунун роҳбарии ин марказро журналисти саршинос Хуршедҷон Ниёзов бар уҳда дорад. Ба қавли кормандони марказ, онҳо тавонистаанд дар муддати 15 соли фаъолияти худ дар рушди ВАО-и тадқиқотӣ саҳм гузошта, иттилоъ ва масъалаҳои мубрами рӯзро баррасиву пайгирӣ карда, сари вақт онро пешниҳоди мардум гардонанд.

МТЖТ баъди як соли таъсисаш соли 2006 ҳафтаномаи ҷамъиятӣ — сиёсии “Фараж”-ро таъсис дод. Баъдтар ҳафтаномаи варзишии“Гол” низ таъсис дод. Соли 2011 дар заминаи ҳафтаномаи мазкур вебгоҳи хабарии интернетии Faraj.tj-ро таъсис дод. Соли 2011 барои таъсиси ҳафтаномаи таърихӣ – тадқиқотии “Самак” иқдом кард. Дар солҳои минбаъда ҳафтаномаи фарҳангӣ-фароғатии “Ману Ту” низ таъсис дод. Соли 2017 дар Вазортаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Оҷонсии иттилоотии “Суғднюс”- ро сабти ном кард. Ҳоло ҳамаи расонаҳои болозикр дар фазои иттилоотии кишвар фаъолият карда, холигиҳои ин фазоро бо иттилои боэътимоду саривақтӣ таъмин мекунанд.

Ҳафтаномаи “Фараж” ҳафтае як маротиба нашр гардида, айни замон сармуҳаррири онро Фазлиддин Асозода ба уҳда дорад. Аз ибтидои соли равон сармуҳарририи ҳафтаномаи“Самак”-ро Зоҳир Сайфулло ба зима гирифтааст. Сардабирии «Ману Ту» бар души Парвина Бухориева аст. Муҳарририи Faraj.tj-ро Рустамшоҳзода Шуҳрат ва оҷонсии иттилоотии “Суғднюс”-ро Алишери Толиб ба уҳда доранд. Ин хабаргузориҳои интернетӣ ҳамарӯза хабарҳои дохиливу хориҷиро пешниҳоди доираи васеи мардум мегардонанд.

Директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон  Хуршедҷон Ниёзов дар табрикномаи худ, зери унвони “арТИШ”, ки ба муносибати 15-солагии Марказ дар ҳафтаномаи Фараж нашр шудааст, навиштаанд:

“23-юми феврал, дар рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ, аз оғози фаъолияти Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, муассиси ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак”, “Ману Ту”, “Гол”, www.faraj.tj, www.faraj.com.tj, Оҷонсии иттилоотии “Суғднюc” понздаҳ сол сипарӣ мешавад…

Пешорӯи ҷашни понздаҳсолагии МТЖТ, ки бо хуни ҷигару дарди дил (… ) маро эҳсосе фаро гирифта…

…Рӯзгоре ёдам мерасад, ки бо як компютер дар утоқи иҷора ба фаъолият шурӯъ кардему ҷуз умеди қадами дигаре ба пеш гузоштан, субҳи наверо пешвоз гирифтан, дигар умеде надоштем…

Эҳсоси ифтихорро ҳис мекунам, ки Маркази мо садҳо нафарро дуои роҳ додаасту  медиҳад, даҳҳоро ба баландтарин қуллаи журналистика бурдааст, якеро Ном додаасту якеро Нон…

Рӯзат фаромӯшнашуданӣ бод, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ҷигарбанди пондаҳсолаи соҳиби чанд набераву абераи ман!”

Аз замони таъсис то имрӯз дар назди МТЖТ Мактаби рӯзноманигорӣ амал мекунад, ки ба тарбияи журналистони ҷавон машғул аст.

Аксари  кормандони расонаҳои кишвар таълимдидаи ин марказанд.

Дар оянда Маркази тадқиқоти журналистони Тоҷикистон тасим дорад, ки ба муносибати 15-солагии фаъолияти худ, барои ҳарҷи бештар вусъат бахшидани иттилоърасонӣ ба мардум ва фаъолияти фаврии хабаррасонӣ дар Шабакаи иҷтимоии “Ютюб” барномаи “Ахбори Фараж”-ро роҳандозӣ кунад.

15-солагӣ муборак ба кулли роҳбарияту кормандони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here