Шоми 10-уми июл 62-юмин солгарди ба тахти имомат нишастани 49-умин пешвои исмоилиёни ҷаҳон, Аълоҳазрат Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо тантана ҷашн гирифта шуд.

Дар ин чорабинӣ роҳбари Ташкилоти Оғохон оид ба рушд Қозидавлат Қоимдодов ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷаноби Қоимдодов гуфт, ҷашн аз 11-уми июли соли 1957 ибтидо мегирад ва ба давраи тиллои рушди ҷамоат асос гузоштааст.

— Ҷамоати мо инак 26 сол боз бо ҷамоати ҷаҳонӣ пайваста дар фазои сулҳу оромӣ аз ҳуқуқи озодии имону виҷдон ва иҷрои суннатҳои мазҳабӣ васеъ бархӯрдор ҳастанд. Ин муҳити созанда ва мусоид маҳз бо иқдоми Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст. Соли 1995 дар Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо AKDN фаъолияти густурдаи шабакаҳои Оғохон таҷассум ёфт. Ман фикр мекунам, ин арзандатарин туҳфа барои ҷамоат мебошад, зеро ин орзу ва мароми ҳазорсолаи исмоилиёни кишвари мо буд. Имрӯзҳо AKDN дар 30 давлати дунё, иборат аз Акадимияи Оғохон, Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зист, Оҷонсӣ оид ба фаъолияти молиявии хурд, Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ва маориф, Бунёди Оғохон оид ба рушд,  шабакаи Оғохон оид ба фарҳанг, меъморӣ, Донишгоҳи Оғохон ва Донишгоҳи Осиёи марказӣ, барномаҳои равобити ҳамагонӣ, такмили касб, ва пажуҳиши масоили мубрами ислом дар равобити зич бо ҳукумати ин давлатҳо фаъолият карда истодааст, — гуфт Қ. Қоимдодов.

Вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода бо сарфарозӣ ҳозиринро бо ин рӯзи барояшон муборак табрику таҳният гуфта, ҳамкориҳои Ҳукумати Тоҷикистонро бо тамоми шабакаҳои Оғохон, ки сол ба сол густариш меёбанд, боиси ифтихор номид.

— Қобили таваҷҷуҳ аст, ки имрӯзҳо ин ҳамкориҳои дар тамоми манотики кишвари азизамон Тоҷикистон идома доранд. Ман бо нияти боз ҳам густариш ёфтани ин ҳамкориҳои ин рӯзи некро ба ҳамаи шумо шодбош мегӯям, барои ҳама тавфиқу сарбаландӣ таманно менамоям ва шоми басо босафо орзу мекунам, — иброз дошт вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони корпусҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, чеҳраҳои шинохтаи мазҳаби исмоилия дар кишвар ва хориҷа иштирок доштанд. Бахшида ба ин рӯзи барои исмоилиён хеле бузург хони пурнозу неъмат густурда шуд, ки ҳозирин гирди он суҳбату вохӯриҳои гарму ҷӯшон доир карданд.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV 11-июли соли 1957, пас аз бобояш — Султон Муҳаммад Шоҳ Оқохони III ба тахти имомат нишаст ва инак, 62 сол боз роҳбарии ҷамъияти беш аз 20 миллионнафараи пайравонашро дар ҷаҳон ба зимма дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here