Дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дуюмин лексияи ҷашнӣ дар мавзӯи “Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ” баргузор мегардад.

Дар лексияи ҷашнии мазкур, ки санаи 28-уми августи соли равон, аз соати 9:00 то 11:00, сурат мегирад, олимон, донишмандон ва адибону завқмандони илму фарҳанг метавонанд ширкат кунанд.  

Ҳамоиши ҷашнӣ, бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.

Ёдовар мешавем, ки 4-уми июли соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо нахустин ҳамоиши ҷашнӣ дар мавзӯи «Тоҷикистону Ҳиндустон: 25 соли дӯстӣ» баргузор гардида буд, ки дар он сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош, сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов, директории Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо, коршиносон ва донишмандон ширкат карда буданд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here