Бо ташаббуси ҳукумати шаҳри Панҷакент ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 70-солагии шоир Анварбеки Абӯнаср таҷлил карда шуд.

Дар таҷлили ҷашни 70-солагии ин шоир дӯстону шогирдон, пайравону мухлисонаш ҷамъ омада буданд. Дӯстон дар ситоиши Анварбеки Абӯнаср сухан мегуфтанд, хонандагон сурудашро замзама ва сарояндаҳо аз ашъораш суруд хонданд.

Намояндагони ҳукумати шаҳри Панҷакент чун анъана ва рамзи эҳтиром ба китфони Анварбек  ҷома пӯшониданду ашки шодӣ буд, ё ғам, ки аз дидагони шоир ҷорӣ шуд.

Анварбеки Абӯнаср дар деҳаи Варзи Кандаи шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм кардааст. Аввал дар мактаби деҳа ба сифати омӯзгор фаъолият карда, сипас то солҳои охир муҳаррири нашрияи ДОТ «Махзани илм» буд. Қариб 20 сол роҳбарии маҳфили адабии «Бунафша»-ро бар зимма дошт.

Навиштаҳояш дар рӯзномаҳои «Коммунисти Панҷакент», «Пионери Тоҷикистон», журнали «Машъал» ва дигар нашрияҳо ба таъб расидаанд.

Дар тӯли фаъолияти хеш Анварбеки Абӯнаср 38 маҷмуаи ашъорашро ба нашр расонидааст, ки аз он 7 маҷмӯа ғазалиёт, 3 маҷмӯа рубоиёт ҳастанд.

Соли 2017 китоби ӯ бо номи «Пайроҳаи бузургони сухан» бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз чоп баромадааст.

Анварбеки Абӯнаср аълочии фарҳанг, аълочии маориф, аълочии матбуот ва дорандаи Ордени «Шараф» дараҷаи 1 мебошад.

Дар охири чорабинӣ Анварбеки Абӯнаср арзи сипосашро ба нафароне, ки ӯро қадр карданду 70-солагиашро дар ин сатҳу дар ин макон гузарониданд, баён дошт.

Хуршед Фозилов

 

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here