Баҳри татбқиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободкорию созандагӣ, ки дар Паёмашон ба Маҷлсиси Олии мамлакат таъкид карда буданд, ҳашари умуиноҳиявӣ эълон шудааст.
— Мо бояд барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои муқаддаси 23-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии истиқлолияти давлатӣ ҳаматарафа омода бошем, хона, кӯча, маҳалла ва диёру ватани худро тозаву озода нигоҳ дорем, обод кунем, зеро чуноне ки Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ватани моро ғайр аз худи мо каси дигар обод намекунад. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ мардуми бонангу номус ва созандаву ободкоранд, боварии комил дорам, ки дар ин амали неку наҷиб низ муваффақу пешсаф хоҳанд буд, — мегӯяд Тоҳир Азиззода, и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Ташаббуси раиси ноҳия аз ҷониби сокинони ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот хубу самимӣ пазироӣ шуд. Ҳамарӯза аз ҳамаи маҳаллаҳо сокинони ноҳия бо амри дилу виҷдон дар корҳои сабзу хуррамгардонии кӯчау хиёбонҳои маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон фаъолона саҳм мегузоранд.
— Вақте ки мо дар маҳаллаҳо ташаббуси даъваткунандаи раиси муҳтарами ноҳия Тоҳир Азиззодаро ба аҳолӣ фаҳмонидем, якдилона иброз доштанд, ки дастгирӣ мекунанд, ба ҳашари ноҳиявӣ муташаккилона мепайанданд. Дар ин самт хизмати имомхатибон, раисони маҳаллаҳо, вакилони халқ ва фаъолон низ хеле бузург аст, — гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори “Нигоҳи халқ” Акбар Почозода, раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон.
Тибқи иттилои Рустам Рустамзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ дар ҳашарҳои ноҳиявӣ ҳамарӯза қариб ҳазор нафар сокинони дорои касбу кори гуногун фаъолона ширкат меварзанд, ки вазифаи асосии онҳо нарм кардани гулгаштҳо ва шинонидани гулу дарахтони ороишӣ мебошад.
— Ин пеш аз ҳамаи нишонаи иттиҳоду ҳамдилии мардуми Мастчоҳ ва гувоҳи дурустии суханони устод Лоиқ мебошад, ки дар ҳаққи ҳамдиёрони мо гуфта буд:
Дар дили ҷешил бирӯёнад насиби хештан,
Хок гардад дар баҳои як кафи хоки Ватан…
Муродулло Почозода,
ноҳияи Мастчоҳ