Дар шаҳри Душанбе «Заводи асфалту бетон» ба кор оғоз кард, ки коргоҳи истеҳсоли асфалт аз Италия ва Туркия ворид карда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як соат 240 тонна ва дар як басти корӣ қариб 2000 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар расми ба кор оғоз кардани он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Заводи асфалту бетон”, ки роҳбариашро соҳибкори ҷавон Тоҳир Ҳукуматов ба уҳда дорад, аз соли 2002 то инҷониб фаъолият дорад. Шумораи коргарон 300 нафарро ташкил медиҳанд ва баъди васлу насби коргоҳи муосир дар ин ҷо боз 50 ҷойи кории нав таъсис ёфтааст.

Роҳбарияти корхона ба хотири саҳм гузоштан дар рушду пешрафти пойтахт, ободу зебо кардани кӯчаю хиёбон ва роҳҳои шаҳр ҳамчун иқдоми саховатмандона солҳои 2017 то 2019 дар маҷмӯъ қариб 30 километр роҳҳои шаҳри Душанберо асфалтпӯш кардаанд. Дар асоси шартнома корхона дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 47 километр роҳро навсозӣ кардааст.

Дар “Заводи асфалту бетон” дар як вақт якчанд намуди маҳсулот, аз қабили асфалти майдадона, асфалти калон, сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда ва асфалтобетони сангрезаю мастикии- “ШМА” истеҳсол карда мешавад.

Ҳамчунин, дар ин ҷо дигар масолеҳи сохтмонии дар бунёди роҳҳо истифодашаванда тайёр карда мешаванд.

Дар сехҳои корхона маҳсулоти оҳану бетонӣ, аз қабили канорасангҳои бари роҳ, новаҳои оҳану бетонӣ, болопӯши новаҳои оҳану бетонӣ, ҳалқаҳои бетонӣ, болопӯши ҳалқаҳои оҳану бетонӣ, тахтасангҳои роҳҳои пиёдагард, маҳсулоти оҳану бетонӣ барои сохтмони каналҳо ва новаҳои оҳанубетонӣ барои хатҳои қубурҳои гармидиҳанда аз маҳсулоти дигари коргоҳ аст, ки бо сифати ҷавобгӯ ба талабот истеҳсол мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here