Ғасби заминҳои дар тавозуни хоҷагии ҷангал буда ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар онҳо маҳаки асосии нишасти матбуотии Агентии хоҷагии ҷангали кишвар гардид.

Сардори Раёсати хоҷагии ҷангали Тоҷикистон Давлаталӣ Шарипов мегӯяд, ки ҳолатҳои ғасби заминҳои хоҷагии ҷангал аз ҷониби шаҳрвандон, бо мақсади бунёди манзил, ба қайд гирифта нашудааст, аммо ҳолатҳои худсарона истифода бурдани он ҳамчун чарогоҳ вуҷуд дорад.

Номбурда гуфт, ки заминҳои хоҷагии ҷангал аз мавзеъҳои аҳолинишин дур воқеанд ва ғасби қитъаҳои замин бо ҳадафи сохтмон вуҷуд надорад.

— Мутаассифона, бурриши ғайриқонунии ҷангал ва ҷамъоварии худсаронаи меваҷот аз ҷониби сокинон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати вайронкунандаҳои қонун санад тартиб дода шудааст,- гуфт Д. Шарипов.

Вуҷуд надоштани ҳолатҳои ғасби замин, ба гуфтаи сардори хоҷагии ҷангал Д. Шарипов, дар ҳолест, ки директори Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ Азизулло Исматзода онро рад мекунад.

Исматзода гуфт, ки дар ҳақиқат ҳолати ғасби замин дар заминҳои фонди ҷангал аз ҷониби баъзе шаҳрвандон вуҷуд дорад. Ӯ дар хитоб ба зертобеонаш гуфт: “Вақте рӯзноманигор дар мавриди ғасби замин суол медиҳад, як чизро ба назар гиред, ки ӯ факту рақам дорад. Дар моҳи январи соли ҷорӣ аз тарафи Прокуратураи генералии Љумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақша, ҳолати истифодабарии заминҳои фонди ҷангал мавриди таҳлилу санҷиш қарор гирифт. Давоми се моҳ тамоми заминҳои хоҷагии ҷангал мавриди санҷиш қарор гирифт. Дар мавзеи Қаратоғи шаҳри Турсунзода, дар дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, дар ноҳияи Шаҳритуз ҳолати ғасби замин ба қайд гирифта шуд. Дар заминҳои ғайрикишоварзии мо, бе мувофиқа бо Агентӣ, сохмони бӯстонсароҳо мушоҳида карда шуд. Дар КВД “Ниҳолпарварии ноҳияи Восеъ” ғасби замин ошкор гардид. Директори корхона бо фармоиши худ қитъаи замин ҷудо кардааст. Ҳамаи инро гуфтан даркор, ягон ҷои пинҳонкорӣ нест. Ҳодиса шуд, бартараф карда мешавад”.

Роҳбари Агентии мазкур изҳори таассуф кард, ки дар тавозуни корхонаашон беш аз 4 миллиону 600 ҳазор гектар замин мавҷуд аст ва онҳо наметавонанд ҳамаи онро назорат кунанд.

Исматзода гуфт, ки “дар ҷаласаи семоҳа бо иштироки кормандони прокуратура ин камбудиҳо баррасӣ карда шуданд. Нисбат ба шахсоне, ки даст ба ғасби замин зада буданд, чора андешида шуд ва барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта муҳлат муайян гардид”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here