Академияи илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар арафаи 140-умин солгарди қаҳрамони Тоҷикистон, сардафтари адабиёти шӯравии халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ, ки ба санаи 15-уми апрел рост меояд, тамоми асарҳои ӯро дар 27 ҷилд аз нав ба чоп расонад.

Гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки сари ин масъала кор мекунад. Гуруҳ ба хулосае омад, ки тамоми асарҳои устод Садриддин Айнӣ дар 27 ҷилд аз нав ба чоп омода карда шаванд. Аллакай феҳристи асарҳои пурраи чопшуда ва чопнашудаи устод Айнӣ тартиб дода шудааст. Ҷилди аввали он, ки пораҳои назмиро дар бар мегирад, омода шудааст ва пас аз нисфирӯзии ҳамин рӯз он барои чоп муҳокима ва баррасӣ хоҳад шуд, — гуфт президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ, 12-уми феврал дар Душанбе.

Ба гуфтаи масъулини Академияи илмҳо, пас аз рӯи чоп омадани ҳама ҷилдҳои асарҳои устод Айнӣ то рӯзи 140-солагиаш (15-уми апрели соли 2018) баъдан кор дар атрофи ҷилдҳои боқимондаи куллиёти Айнӣ идома хоҳанд ёфт.

Тавре гуфта шуд, Академияи илмҳои Тоҷикистон соли 2017 ба аз нав омода намудани Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ низ шуруъ кардааст. Барои ин кор аз ҳисоби олимони Академияи илмҳо, ДМТ, ДОТ ва донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд гуруҳи корӣ таъсис дода шудааст.

— Айни замон ҳарфҳои б, в, г, ғ ва д-и Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ омода шудааст, баъди муҳокимарониҳо ин ҳарфҳо ба чоп пешниҳод карда мешаванд. Тибқи нақша мо тақсимбандӣ кардем ва тасмим гирифтем, ки дар давоми 2 соли оянда Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ низ омода ва пешниҳоди ҷомеаи Тоҷикистон гардонида шавад, — иброз дошт Раҳимӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here